ҳамаш не— гуфт Самеъ —Ба ин ҷо биё!
Самеъ ба охири толор рафту ба поён нигоҳ кард.
– Инро бубин!
Наримон аз қафои Самеъ рафт ва дид, ки дар охири толор як чуқурии калону васеъи чоркунҷа буд. Ҳаҷми он ҷуқурӣ мисли як ҳуҷра буд ва чуқурии ӯ тақрибан даҳ ва ё ёздаҳ қадам мебаромад. Дар он ҷо пурри морҳои сиёҳи калон – калон, ки дарозии ҳар якташ тақрибан ду қадам мебаромад, тобхӯрон меистоданд. Онҳо ҳамин тавр зиёд буданд, ки замин дар чуқурӣ намоён намешуд.
– Ин қадар мори зиёдро акнун мебинам— гуфт Наримон дар ҳайрат —Онҳоро кӣ ба ин ҷо ҷамъ кардааст ва барои чӣ?
– Инҳо морҳои оддӣ нестанд— гуфт Самеъ —Инҳоро «Флунҳо» меноманд. Бо нақли падарам дар дунё ғайр аз инҳо дигар Флунҳо нестанд. Ин морҳо тақрибан дусад сол пеш, аз тарафи иблисҳо дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо сохта шудаанд. Чӣ ҷонзоте набошад ҳам, ки агар ба тӯдаи Флунҳо фарояд зинда намемонад, ҳатто иблисҳо. Дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо иблисҳо афсунгарҳои охиронро дар ҳамин ҷо, бо азоб куштаанд. Ҳоло афсунгарҳо дар дунё мавҷуд нестанд. Дар ҷанги тӯлонӣ иблисҳо ғолиб омада буданд.
Самеъ море, ки дар гардани Наримон истода буд, гирифту дар болои чуқурӣ овезон дошт. Флунҳо оҳиста ба ҷои мефаромадани мор ҷамъ шуданду сарашонро бардошта, ба ҳамла омода шуданд. Мор бошад, аз тарс фаромаданро намехост ва ба дасти Самеъ мечаспид.
– Ту чӣ кор мекарданӣ ҳастӣ? – Наримон гуфт —Бубин мор метарсад напарто!
Мор аз тарс дасти Самеъро газид. Самеъ бошад, ба газидани мор парво ҳам накарду гуфт:
– Ҳозир шоҳиди тамошои аҷоиб мешавӣ.
Ӯ морро сар дод. Даме, ки мор фаромад, Флунҳо ӯро пора пора карданд.
– Бубин— гуфт Самеъ —Онҳо як зот бошад ҳам, Флунҳо инро намедонанд, онҳо фақат куштанро медонанд ва айнан барои ҳамин Флунҳо сохта шуда буданд. Онҳо ҳатто соҳиби худро мекушанд.
– Дастатро сахт газид? – Наримон ба дасти Самеъ нигоҳ кард.
– Не— ҷавоб дод Самеъ —Ҳатто таъсир накард.
Самеъ ҷароҳатро нишон дод, ки аз ҷои газидаи мор хуни сип – сиёҳ мебаромад. Зеро хуни иблисҳо сиёҳ буд.
– Ин ҷароҳатҳо бут мешаванд— Самеъ ҷароҳатро молид ва ҷароҳат худ аз худ ғоиб шуд —Аммо ҷароҳати як чиз дар иблисҳо умуман нест намешвад ва иблисро бо як теғ мекушад. Он чиз шамшери манҳус аст.
– Шамшери манҳус? – гуфт Наримон дар он оҳанге, ки бори аввал дар бораи ин шамшер шунавида истода буд.
– Бале— гуфт Самеъ —Шамшери лаънатикарда. Чуноне ки падарам нақл намуд, он шамшер панҷсад сол қабл аз тарафи афсунгари бузург сохта, лаънатӣ карда шуда буд. Он шамшерро ҳеҷ гоҳ шикаста ва ё нобуд карда намешавад. Ин тавр шамшерро дигар касе сохта наметавонад. Он ҳатто кӯҳро ба осонӣ мебурад.
– Мақсади он афсунгар чӣ буд? – Наримон пурсид.
– Мақсади ӯ худро ҳимоя кардан аз иблисҳо буд— Самеъ ҷавоб кард —Ягона шамшер, ки иблисро як лаҳзаба нобуд месозад. Он шамшер сабаби асосии ҷанги панҷсадсолина дар байни иблисҳову афсунгарҳо шуд. Ҳама зот мехоҳанд, ки он шамшерро дошта бошанд. Аз қафои шамшери манҳус чандин иблисҳо, афсунгарҳо ва дигар зотҳо нобуд шуданд.