кушод. Аз он ҷо садои гумбур – гумбури кӯҳ баромад ва як санг ба боло оҳиста баромад. Дар охири пайроҳа як баромадгоҳе кушода шуд. Осмони кабуди мусаффо намоён шуд ва пайроҳаро нури офтоб равшан сохт. Наримон дар ҳаёти худ бори нахуст нури офтобро дид. Садои форами паррандаҳо ба гӯш расид. Наримон дар ҳайрат буд.
– Агар хоҳӣ, марҳамат! – гуфт Самеъ.
Наримон оҳиста ба тарафи баромадгоҳ ду қадам гузошту истод ва гуфт:
– Не Самеъ. Ман ин тавр карда наметавонам. Намедонам барои чӣ ба ман баромадан мумкин не, аммо агар падарам гуфта бошад, дар ҳақиқат ин кулфат меорад.
Наримон ба ақиб гашт.
Самеъ баромадгоҳро пӯшид онҳо ҳарду аз баромадгоҳ дур шуданд. Гарчанде, ки ба Наримон баромадан манъ буд, ӯ оҳиста ба баромадгоҳ нигоҳ карда монд. Инро Самеъ дида ба Наримон гуфт:
– Наримон, агар баромадан хоҳӣ, бигӯ. Ман туро ба берун мебарорам ва ваъда медиҳам, ки касе намедонад.
Наримон китфи Самеъро дошту гуфт:
– Самеъ, ҳамаи он чизҳое, ки худат медонӣ, бо ман ба ҳам дидӣ, хабардор намудӣ. Барои ҳамин ҳам, ман аз ту миннатдорам. Ҳоло бошад, касе моро надида аз ин ҷо равем.
Самеъ сарашро ҷунбонида ишораи розигиро дод ва ҳардуи онҳо ба ақиб баргаштанд. Онҳо аз пайроҳа рафта истода буданд, ногоҳ аз дур нури оташе ба назар расид, ки касе ба тарафи онҳо омада истода буд.
– Касе омада истодааст— гуфт Наримон ҳаросида.
– Ба боло! – гуфт Самеъ ва ҳардуи онҳо мисли тортанак ба девор часпида, ба болои пайроҳа баромаданд. Оташ торафт наздик мешуд. Вақте, ки аз поёни онҳо мегузашт, диданд, ки ӯ Луиза буд. Ӯ аз чизе парешонхотир ва саросемавор менамуд. Ӯ баромадгоҳро кушоду баромада рафт ва ҳамон лаҳза аз қафои ӯ Сафия ӯро таъқиб мекард. Пас аз баромадани Луиза Сафия низ аз қафои ӯ баромад.
Наримон ва Самеъ ҳайрон ба поён фаромаданд.
– Аҷабо! – гуфт Самеъ —Барои чӣ Луиза баромадгоҳи асосӣ истода, аз ин ҷо баромад?
– Ва барои чӣ Сафия ӯро пинҳона таъқиб мекунад? – ҳайрон шуд Наримон —Оё ин ба ту ғалатӣ наменамояд?
– Ба фикрам Луиза ягон сир дорад ва Сафия онро донистан мехоҳад— шубҳа намуд Самеъ.
– Чӣ сир бошад, ки ҳатто аз хоҳари худ пинҳон намояд? – гуфт Наримон —Самеъ, ман худам бармегардам. Ту аз паси онҳо рав ва бидон, ки дар ин ҷо чӣ шуда истодааст? Сабаби парешон ва саросема будани Луизаро фаҳм. Ман туро дар поён интизор мешавам.
– Хуб— гуфт Самеъ —Дар поён вомехӯрем.
Ӯ баромадгоҳро кушод. Самеъ худро аз баландӣ партофта, дар ҳаво ба паррандаи калони сиёҳ табдил ёфт ва аз паси Луиза ва Сафия парвозкунон рафт.
Наримон худ баргашт. Вақте, ки ӯ аз назди даромадгоҳи Флунҳо гузашта рафта истода буд, аз болояш санге дар ҳаҷми мушт ба таги пояш афтид. Наримон сангро диду, мехост бидонад, ки ӯ аз куҷо афтид ва оҳиста ба боло нигоҳ кард. Болои он пайроҳа кафида буд ва сангҳои он номустаҳкам меистоданд, ки гӯё ҳозир сангҳо меафтанду пайроҳаро мепӯшанд. Наримон зуд аз таги ӯ гузашта рафт.
– Хайрият—е, ба сарам наафтид— гуфт ӯ худ ба худ.
Дар берун бошад, Сафия аз паси Луиза пинҳона мерафт